Хабарҳо

Дар Душанбе масоили марбут ба муҳоҷират ва кумак ба гурезагон матраҳ шуд

Рўзҳои 14-15 майи соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато-ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират баргузор гардид. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот намуданд.

Мусаллам аст, ки раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ шўрои минтақавии машваратӣ буда, масъалаи  муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти мазкур дуюмин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки Раёсати онро Тоҷикистон ба зимма дорад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

 

Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он ба ҳайси нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии  Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва машваратӣ  мерасонанд.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло нишасти мазкурро ифтитоҳ намуда қайд намуд: «Муҳоҷират падидаи зудтағйирёбанда буда, Раванди Алмаато пойгоҳи дурусте барои баррасии вокунишҳои мо ба чолишҳои нави ин самт мебошад».

Вито Трани, намояндаи UNHCR дар Тоҷикистон бар он назар аст, ки «кишварҳои мустақил ҳақ доранд, то марзҳои худро назорат намуда, шароити вуруд ва будубоши ҳар касеро дар ҳудудашон муайян кунанд.  Дар баробари он, асосҳои башардӯстонаи ҳимояи афроди ниёзманд бояд аз мадди назар дур намонад. Уҳдадориҳои давлатҳо ҷиҳати мудирияти муассири ҷараёнҳои муҳоҷират ва фазои инсондӯстонаи ёрӣ ба фирориён аввалиндараҷа мебошанд».

Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) дар нишаст таҷрибаҳои қонунгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти танзими масоили марбут ба гурезагон ва муҳоҷирон муаррифӣ карда,  ҳамчунин доир ба Ҳамоиши ҷаҳонӣ вобаста ба масоили гурезагон, ки моҳи декабри соли равон дар Женева дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, маълумот медиҳад. Низоми сабти вазъ ва ҳузури муҳоҷирон дар кишварҳои узви Раванди Алмаато низ аз ҷониби намояндагони давлатҳои узв муаррифӣ мешавад.

Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати бохатар иқдом намоянд. Дар ин нишаст СБМ Торнамои ҷаҳонӣ доир ба муҳоҷират ва индикаторҳои идораи муҳоҷиратиро муаррифӣ карда, доир ба ибтикори нави тадқиқот дар мавзӯи муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ маълумот дод».

Дар ин нишаст намояндагони давлатҳои аъзои Раванди Алмаато баромад намуда, доир ба вазъи кунунии муҳољират дар ин кишварҳо, таљрибаи идораи равандҳои муҳоҷират табадули назар намуданд.