Вакансияҳо Хабарҳо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад

  1. Сардори Раёсати ҳуқуқ (ихтисоси ҳуқуқшиносӣ);
  2. Сардори шуъбаи аудити дохилӣ (ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ);
  3. Мудири бахши маъмурию хоҷагидории Раёсати корҳо (ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ);
  4. Сармутахассиси (мутасаддии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ) бахши маъмурию хоҷагидории Раёсати корҳо (ихтисоси иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, муҳандисӣ);
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи шарики иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ (ихтисоси иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ);
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии хароҷоти давлатӣ ва иҷрои буҷети Раёсати корҳо (ихтисоси иқтисодӣ ё молиявӣ);
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус (ихтисоси кадршинос, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог, идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ);
  8. Мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа (ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ).

 

Талаботи тахассусӣ ва маоши моҳонаи мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ:

– сардори Раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, 3 сол собиқа дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши моҳона 2392 сомонӣ;

сардори шуъба: таҳсилоти олии касбӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши моҳона 1609 сомонӣ;

– мудири бахш: таҳсилоти олии касбӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши моҳона 1623 сомонӣ;

сармутахассис: таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши моҳона 1200 сомонӣ;

– мутахассиси пешбар: таҳсилоти олии касбӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маоши моҳона 978 сомонӣ;

– мутахассис: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ба мансаб мувофиқ, маоши моҳона 804 сомонӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

– ариза ба унвони вазир, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рақами СИН (суғуртаи инфиродии нафақавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23 майи соли 2019.

Нишонӣ: кўчаи А.Навоӣ 5/2, тел: 236-25-75

Max