Хабарҳо

Ҷаласа оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Рўзи 16 апрели соли 2019 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси накшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2019 ҷаласа бо иштироки раисон, котибон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятии дастгоҳи марказии вазорат баргузор гардид.

Раиси маҷлис – Сангинзода Эмин Нуъмон – муовини якуми  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба талабот ва низомномаи Комиссияи ҷамъиятии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он маълумоти муфассал дода, рўзномаи маҷлисро бо иштирокчиён тасдиқ намуд.

Тибқи рўзномаи маҷлис котиби Комиссияи ҷамъиятии дастгоҳи марказӣ У. Латифӣ оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он гузориш дода, зикр намуд, ки тағйирот ба Қонуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми Тоҷикистон аз 7 июни соли 2007 қабул гардида, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», ки дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни воҳуриҳо, баромадҳо тавассути васоити ахбори омма, инчунин мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, қабул карда шудааст.

У.Латифӣ қайд намуда, ки фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии сохторҳои вазоратро қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои беҳтар намудани  кор тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур, Низомномаи намунавӣ ва Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида пешниҳодҳои дахлдор манзур намуд.

Раиси маҷлис аз роҳбарони комиссияиҳо ҷамъиятӣ пурсиш ба амал оварда, фаъолияти ҳамаи комиссияҳои ҷамъиятӣ пурра баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Маҷлис вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори дахлдор қабул кард.

Max