Хабарҳо

Вохўрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат

Имрўз 23 апрели соли 2019 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии муовини сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода, сарнозирони раёсати мазкур Абдулманонзода Абдулмумин Абдулманон ва Қурбонзода Арсен Сулаймон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат оид ба сабабу шароитҳои ба қонунвайронкуниҳо мусоидаткунанда вобаста ба экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохўрӣ муовини сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода баромад намуда, қайд кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки обруву эътибори кормандонро коҳиш медиҳад ва барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ,боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Инчунин мавсуф зикр намуд, ки тибқи талаботи банди 4 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меёрии ҳуқуқӣ»  хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо) бояд дар муҳлати як моҳ аз рўзи воридшавии хулоса ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода шуда, мутобиқи банди 6 ҳамин модда дар сурати розӣ шудан бо хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё лоиҳаи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот лоиҳаи санади меъёри ҳуқуқӣ таҳия намуда, дар ин хусус ба субъекте, ки экспертизаи зиддикоррупсиониро гузаронидааст, хабар диҳад.

Баъд аз ин байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва масъулини Агентии мазкур савоблу ҷавоб сурат гирифта, масъулин ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Max