Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА: НАТИҶА ВА ДУРНАМО

13 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки онро Вазир Тағойзода Сумангул Саид раисӣ кард. Дар кори ҷаласа кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сатҳу зинаҳои муассисаҳои гуногуни тобеи вазорат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва раёсат, бахшу шуъбаҳои он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло аз рўи натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якуми соли равон маърўза кард.
Муовини Вазир дар маърўза ба нишондиҳандаҳои миқдории сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳ карда гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 феврали соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1261,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 сомонӣ ва ё 13,4 фоиз зиёд шудааст. Музди миёнаи меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ВМКБ – 59,9 сомонӣ ва ё 6,0 фоиз, вилояти Суғд – 126,4 сомонӣ ва ё 12,9 фоиз, вилояти Хатлон – 160,4 сомонӣ ва ё 19,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 158,3 сомонӣ ва ё 9,1 фоиз ва НТҶ – 160,0 сомонӣ ва ё 17,2 фоиз зиёд шудааст.
Чун пештара дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 2501,7 сомонӣ, сохтмон 2426,6 сомонӣ ва нерўи барқ, газ ва таъминоти об 1965,0 сомонӣ буда, сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 559,5 сомонӣ ба мушоҳида мерасад.
Зиёдшавии музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои воқеӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтмон 16,3 фоиз, нерўи барқ, газ ва таъминоти об 18,9 фоиз ва кишоварзӣ 6,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон Нурулло Маҳмадуллозода дар маърўзаи ҳисоботӣ ба масъалаҳои музди меҳнати кормандони навбатдор дар рўзҳои ид мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ба имзо расонидани созишномаву шартномаҳои коллективӣ, ҳолати риояи қонунгузории соҳа, ҳуқуқвайронкуниҳо, манъи вуруди дубораи шаҳрвандони кишвар ба ФР, фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ, муҳоҷирати ихтиёрӣ, танзими масъалаҳои шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, омўзиши вазъи шуғлнокии аҳолӣ, ҷанбаҳои иҷтимоии хонаводаҳои кишвар, татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, фаъолияти марказҳои таълими калонсолон, соҳибкорӣ, истифодаи босамари қарзҳои имтиёзнок, раванди ислоҳоти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, инъикоси самтҳои асосии фаъолияти вазорат дар рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”, ҷараёни корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дахл намуда, итминон ба он кард, ки кормандони сохторҳои вазорат дар давоми соли ҷорӣ барои таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва нақшаву супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Раисикунандаи ҷаласа Тағойзода Сумангул Саид аз сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Дустмурод Ҳаит, сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир Афғон, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Давлат Носирзода, роҳбарони муассисаҳои тобеи номбаршуда дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кўтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара аз рўи масъала бо назар ба суханронӣ ва мулоҳизаву пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул кард.

Рўзномаи шуғл ва муҳоҷират

Max