Хабарҳо

Семинари омўзишӣ барои масъулини дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он

Рўзи 27 феврали соли 2019 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишии якрўза барои кормандони масъули дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он доир ба тарзи таҳия намудани дархости лоиҳавӣ ва нақшаи тиҷоратӣ барои пешниҳод намудан ба донорҳо, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки семинари мазкур дар доираи лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаи «Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта»-и Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ташкил карда шуда, устодон оид ба ташкили системаи кор дар таҳия намудани лоиҳа, тарзи ҷамъоварии ғояҳо ва тарҳи лоиҳаҳо, механизми дарёфти донорҳо, пур намудани формаҳои дархостӣ, инчунин асосҳои таҳияи нақшаи тиҷоратиро ба шунавандагон омўзониданд.

Дар рафти баргузории семинар иштирокчиён ба 3 гурўҳ тақсим шуда, лоиҳаҳои намунавии худро таҳия ва ба шунавандагон асоснокии онро манзур намуданд.

Дар интиҳои семинар аз ҳисоби иштирокчиён гурўҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳо барои пешниҳоди минбаъда ба шарикони рушд таъсис дода шуд.

Max