Без рубрики Хабарҳо

Наврўз-пайвандгари дилҳо

Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз чорабинии тантанавӣ бо иштироки вазир баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз намоиши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва хонҳои оростаи ҳафтсину ҳафтшини Муассисаҳои давлатии таълимии касбии литсейҳои ҳудуди шаҳр Душанбе дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.

Дар ин миён муҳтарам вазир Тағойзода Сумангул Саид суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ буда, аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Гуфта шуд, ки мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврўз маҳз бо кўшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Сипас сарояндагон бо сурудҳои дилангезу фараҳбахш руҳияи иштирокчиёни чорабиниро равшан намуданд.

Max