Хабарҳо

Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон

18 марти соли 2019, дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Зарипова Эльмира Амировна доир гардид.

Зимни вохўрӣ Тарафҳо афзалият ва ҳадафҳои амалкунандаи соҳаро мавриди муҳокима қарор дода, ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, иштирок дар конфронсу семинарҳои соҳавӣ ва дигар чорабиниҳо, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Тотористон баргузор мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.

Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Max