Хабарҳо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо тантана ҷашн гирифт.

Имрўз, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамасола санаи 25 январ ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказӣ, Агентии мехнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои давлатӣ дар толори вазорат баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Вазир – Тағойзода Сумангул Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рўзи фархунда самимона шодбош намуданд. Зикр гардид, ки Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нахустин маротиба 25 январи соли 2013 ҷашн гирифта шудааст, ки он вақт вазорат ҳам бо ҳамин ном – Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекард.

Бояд ёдовар шуд, ки вазорати имрўзаи мо вориси собиқ Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, Комитети давлатии республикавии  РСС Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи кадрҳои коргарӣ мебошад. Баъди Истиқлолияти давлатӣ ин соҳа тадриҷан рушду такомул ёфта, дар заминаи кумитаҳои соҳавии замони Шўравӣ вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ва дар онҳо беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ барои кору фаъолият ҷалб гардиданд.

Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъалаҳои омўзиш ва рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар рушди деҳот, ки беш аз 73 фоизи аҳолӣ ё мутаносибан зиёда аз 50 фоизи захираҳои меҳнатӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, бокортаъминкунии шаҳрвандонро дар маҳали зист мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ ва комёбиҳои хизматӣ як қатор кормандони вазорат бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Max