Без рубрики Хабарҳо

Ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат дар соли 2018

9 январи соли 2019 Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва масъулиятнок ҷихати омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат мебошанд, баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлис паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсил,  ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва эътибор додан ба сатҳу сифати таълим мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти кор дар ин самт ба роҳбарони муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, дар ҷараёни вохўрӣ ба ғолибони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар озмуни касбии «Беҳтарин кабинети тахассусӣ» дар соли 2018 иштирок намуда буданд бо ифтихорномаи вазорат, диплом ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Max