Без рубрики Хабарҳо

Ҷашни 24-солагии таъсисёбии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон

Дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли кормадони вазорат, аъзоёни ҳизб баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини якуми Вазир Сангинзода Эмин Нумон ифтитоҳ намуда, оид ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархунда табрику таҳтият гуфта, дар пиёда намудани ҳадафҳои созандаи ҳизбамон барору комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Дар ҷараёни маҷлис Ормонов Муталиб – муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Меҳнат” -и дастгоҳи марказии вазорат оид ба ташкилоти мазкур, ки фаъолияти рўзмарраашро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ, ки барои таҳкими давлат ва беҳбудии ҷомеа равона намудааст, маърўза намуд.