Без рубрики Хабарҳо

Ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»

Дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳа Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадуллозода бо сухани ифтитоҳӣ ба кори ҷаласа оғоз бахшида, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ  ҷаноби Лучиано Калестини ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби стефано Эллеро муҳтавои лоиҳаро асоснок намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ва ташаббусҳои оянда маълумот доданд.

Лоиҳаи «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» тайи 7 моҳ аст, ки дар 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Рўдакӣ, Қубодиён, Кўлоб, Конибодом, Хоруғ ва Сарбанд – Левакант) амалӣ шуда истодааст. Татбиқи он барои ҳифзи ҳуқуқи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта, инчунин наврасону чавонони осебпазир, ки берун аз таҳсил, шуғл ва омўзиш қарор доранд шароити мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар намудани хизматрасонии онҳо мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки муҳоҷират на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр давлатҳои дуру наздик яке аз проблемаи муҳим ба ҳисоб меравад ва ин раванд ба рушди кўдакони аз волидайни худ муддатҳои зиёд ҷудо монда, таъсири манфӣ мерасонад.

Вазорат дар якҷоягӣ бо Хазинаи кўдакони СММ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо интизор аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар беҳтар гардонидани шароити зисти кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта натиҷаи хуб хоҳад дод.