Без рубрики Хабарҳо

Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон (Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷирон)

Муҳоҷират ва равандҳои он дар ҷаҳони имрўза ба яке аз масъалаҳои муҳими голбалӣ  табдил ёфтааст. Он ҳамчун раванди мураккаби ҷамъиятӣ қариб ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ  таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи башарият нақши барҷаста дошта, ба омилҳои асосии ин раванд  сокиншавии инсон бо мақсади истифодаи заминҳои бекорхобида, рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ташаккул ва омўзиши ирқу нажод, забонҳо ва халқҳо  иртибот доранд.

Ҳодисаҳои навини ҷомеа: махсусан ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухурдҳои мусалаҳона ва умуман шиддат гирифтани рақобатҳои давлатҳои абарқудрат миллату халқиятҳои гуногунро маҷбур сохтанд, ки ба худ номи гуреза ё муҳоҷирро гиранд.

Омили дигари муҳоҷирати байналхалқии қувваҳои корӣ – ин нобаробарии тараққиёти иқтисодии ҷаҳонӣ, нобаробарии даромадҳо ва имкониятҳо дар давлатҳои алоҳида, алалхусус байни мамлакатҳои  тараққикарда ва мамлакатҳои рў ба тараққӣ мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ боиси зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд, дар маҷмўъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст.

Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳимеро мебозад, аз ин сабаб сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе назардошти ин падида ғайриимкон  аст.

Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба қабул шудани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз 18 декабри соли 1990 (тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид № 45/158) бо ташаббуси Шўрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ аз соли 2000 инҷониб ҳар сол ҷашни байналмилалии «Рўзи муҳоҷирон» қайд карда мешавад.

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо давлатҳои иштирокчиии онро  уҳдадор намудааст, ки  мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рўи ҷинс, нажод, ранги пўст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд. Тибқи муҳтавои ин Конвенсия муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархўрдор бошанд ва  онҳо ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шавад.

Айни замон бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид масъалаи қабули санади нави байналмилалӣ дар ин самт – Созишномаи Ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам мавриди баррасии давлатҳо қарор дода шудааст. Созишномаи мазкур усули тавсиявӣ дошта, муқаррарот ва принсипҳои асосии он дар асоси рўзномаи ҷаҳонии рушд то давраи соли 2030 мутобиқ карда шудаанд ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳибихтиёрии миллии кишварҳо дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои рў ба тараққиёт аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест. Тавре ки маълум аст кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил дода, ҳамасола қариб аз 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваҳои кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷ бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир аст.

Аз ин рў,  масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар  равона гардидааст.

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳануз соли 2001 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белорусия ва дигарҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Дар ҷумҳурӣ шароитҳои зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда,  барои омодагии касбӣ, бокортаъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як қатор барномаҳо амалӣ шудаистодаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» Рўзи байналмилалии муҳоҷирон низ дар ҷумҳурӣ қайд гардида, одатан дар ин рўз конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳидаи ҷашнӣ баргузор мегарданд.