ПАЙРАВОНИ «ИХВОН -УЛ-МУСЛИМИН» дастгир гардиданд

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 113 нафар аъзои  ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» дар қаламрави ҷумҳурӣ дастгир шуда,  нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юсуф  Раҳмон 28 январ дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки аз 113 нафар, ки ба пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳабс гирифта шудаанд,  20 нафараш кормандони муассисаҳои олӣ, як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ду нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Прокурори  генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  овозаҳоро доир ба дастгир гардидани як нафар корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва як нафар корманди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо ҷурми пайравӣ аз созмони террористию экстремистии  «Ихвон-ул-муслимин» рад кард.

Юсуф Раҳмон афзуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ  дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба дастгир намудани дигар аъзои  ин ташкилоти террористию экстремистӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Бояд зикр кард, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» созмони  террористию экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он ва узвият дар он дар мамлакат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф гардида, манъ шудааст.

Ҳадафи  асосии ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин»  сарнагун кардани  ҳокимият бо роҳи зӯрӣ ва бунёд кардани давлати исломӣ мебошад.

Созмони террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин»- соли 1928 дар Миср таъсис дода шудааст. Ин ташкилоти террористӣ дар бархе аз давлатҳои шимоли  Африқо ва Шарқи Наздик нуфуз дорад. Пайравони ин ташкилоти террористӣ ҳангоми табаддулоти давлатӣ,  ки бо номи «Баҳори Араб» дар Миср соли 2011 ба вуқӯъ пайваст,  роҳбари худ  Муҳаммад Мурсиро дар Миср ба сари қудрат оварданд, ки баъдан аз ҷониби артиши Миср сарнагун гардид.

 

Аз рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”